Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.05.2025 / БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       27 майи соли 2025 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Нуробод бо иштироки шумораи зиёди сокинон ва меҳмонон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукӯҳи хосса таҷлил карда шуд. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Нуробод, муҳтарам Фатҳуддин Солеҳзода, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Сайвалӣ Дониёрзода, раисон ва муовинони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва шаҳри Роғун, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони соҳаи варзиш ҳузур доштанд. Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни суханронӣ қайд намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25-уми май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол-асос гузошт, боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умибашарӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад. Инчунин, иброз доштанд, ки футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода таъкид намудан, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол барои мо як имконияти муҳим аст, ки таваҷҷуҳро ба ин варзиши дӯстдошта ва василаи рушди ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон бештар намоем. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳо ва чорабиниҳои минтақавӣ дастгирӣ мекунад ва бо хушнудӣ мебинад, ки варзиш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пешрафт мекунад. Чорабинӣ бо барномаҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ноҳия идома ёфт. Дастпарварони Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии ноҳия таҳти роҳбарии мураббиён ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Дар анҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки ба ҳузурдоштагон шодиву ҳаяҷон зам намуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод