Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.05.2025 / ФАТҲУДДИН СОЛЕҲЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ МИНТАҚАИ РАШТ ВА ШАҲРИ РОҒУН ИНТИХОБ ШУД.



       27 майи соли 2025 дар ноҳияи Нуробод Конференсияи интихобии Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун баргузор гардид. Дар ҷараёни он ҳайати нави роҳбарикунандаи Федератсия интихоб карда шуд. Бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории иштирокчиён раиси ноҳияи Нуробод, Фатҳуддин Солеҳзода, раиси Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун интихоб гардид. Ҳамзамон, Соибов Дӯстмурод ба ҳайси муовини раиси Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун интихоб шуд. Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни суханронии худ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба рушди футбол ва дигар соҳаҳои варзиш ёдовар шуда, омодагии худро барои таҳкими заминаҳои рушди футбол дар минтақа иброз дошт. Ӯ изҳор дошт, ки Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун ба як сохтори фаъолу ташаббускор табдил хоҳад ёфт. Дар рафти Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун интихоб гардид, ки аз шахсони соҳибтаҷриба ва фаъолони соҳа иборат аст. Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода дар Конференсия иштирок намуда, ба роҳбарияти навинтихобшуда изҳори табрикот намуда, барои амалисозии ҳадафҳои рушд ва таҳкими пояҳои футбол дар минтақа комёбиҳо таманно намуд. Дар кори Конференсия раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва шаҳри Роғун иштирок карда, аз ташаббусҳои навбатии марбут ба рушди футбол дар минтақа ҷонибдорӣ баён намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод