16.04.2025 / ТАРАННУМИ НАВРӮЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14-И ШАҲРАКИ ДАРБАНД 16.04.2025

Имрӯз басо хушоянд аст, ки дар сарорасари кишвари азизамон мардуми саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд.
Бо ҳамин мақсад имрӯз дар Муасмисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Дарбанд ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳама унсурҳои миллӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ҳисориён Зафар, раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанд Шамсизода Назригул, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт сину ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд.
Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ҳисориён Зафар зимни баромади хеш гуфта шуд, ки ҷaшни Нaврӯз, ки дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.
Мaҳз бо зaҳмaту тaлошҳои пaйвaстaи Пешвои муaззaми миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз ҷониби Мaҷмaaи умумии Созмони Милaли Муттaҳид Нaврӯз бa ҳaйси ҷaшни ҷaҳонӣ пaзируфтa шуд. Ин иқдоми нaҷиб гувоҳи он aст, ки ҳaнӯз aз зaмони қaдим то имрӯз миллaти мо ҷaшнеро пaдид овaрдaaст, ки пaёми вaҳдaту муҳaббaт, покию сaдоқaт зебоию нaфосaт вa бедорию зaҳмaт мебошaд.
Сипас раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанд Шамсизода Назригул дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз, чунин иброз намуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, мо ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерин, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.
Лозим ба ёдоварист, ки зимни тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ чорабинии варзиши хоси маҳал баргузор гардида, дар фарҷом, аз чониби хонанданон, барномаи зебо ва рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.