22.02.2025 / ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 1802.2025
                                    
                                
                                 
                                
                                           Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. 
Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Нуробод рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд.
Дар робита ба ин, бо саҳмгузории сокинони деҳоти Сафедчашма роҳи  деҳаи Шербегиён то деҳаи Улфатобод дар масофаи 2,2 километр тахту ҳамвор  карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки  дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Сафедчашма таъмири пулҳову роҳҳои маҳаллӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дорад.