14.01.2025 / ТАХТУ ҲАМВОР НАМУДАНИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳои маҳал ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Нуробод бо маром идома доранд.
Бо ҳамин мақсад дар асоси дастуру супориши иҷрокунандаи раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ миёни сокинони ноҳия бештар гардида истодааст. Дар робита ба ин, бо саҳмгузории соҳибкорони ватандӯстӣ Ҷамоати деҳоти Меҳробод роҳи деҳаи Тутхор то деҳаи Фурудгоҳ дар масофаи 3 километр бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳсозӣ, тахту ҳамвор карда шуд.