20.11.2024 / ВУСЪАТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад.
Дар робита ба ин, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ пули мошингузари деҳаи Улфатободи Ҷамоати деҳоти Сафедчашма вобаста ба таҷлили Ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.