Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.04.2024 / БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин санаи 20 апрели соли ҷорӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳия , даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмун довталабони сину соли гуногун фаъолона иштирок намуда, аз рӯи номинатсияҳои муаянгардида, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Мавриди қайд аст, ки тибқи Низомномаи озмун даври ноҳиявӣ бо иштироки аъзои ҳакамон ба таври шаффоф доир гардида, беҳтарин чеҳраҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод