Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

23.02.2024 / Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод



       Санаи 23 феврали соли 2024 бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14- и ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ба ин муносибат сарбозону афсарон ва аҳли ҳозиринро раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод табрику шодбош намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки дар мудати кӯтоҳи таърихӣ ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин рӯз, як зумра ҷавононе, ки ихтиёран дар даъвати баҳории соли 2024 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд, бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, дар тантанаи идона падарони сарбозоне, ки ҳангоми заду хурдҳои мусалаҳона ҷони худро аз даст додаанд бо тӯҳфахои хотиравӣ қадронӣ шуданд. Сипас, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод